Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд

Сентябрь 8, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар чорабинӣ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода, собиқадорон ва ҳайати шахсии ҷузъу томи милитсияи пойтахт иштирок намуданд.

Шоҳрух Саидзода таъкид намуд, ки ба даст овардани Истиқлоли миллӣ дастоварди бузургу таърихӣ барои миллати тоҷик ба шумор меравад.

«Ҳар яки мо кормандони милитсияро мебояд, фаъолияти хизматии худро дучанд намуда, бо мақсади нигоҳдошти суботу оромии ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон талош намоем», — изҳор намуд сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 

Сентябрь 8, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд