ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, чоршанбе, 248-умин рӯзи соли 2024 аст

Сентябрь 4, 2024 08:00

4 сентябри соли 2006 дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии кӯдакону наврасон — «Баҳористон» ба фаъолият шуруъ намуд.

***

13 сол пеш, 4 сентябри соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе маҷмааи муҳташами варзишӣ мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони ду бинои боҳашамати маъмурӣ санги асос гузошта шуд.

***

4 сентябри соли 2012 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чанд корхонаи технологии шаҳри Бангалори Ҳиндустон шинос шуданд.

***

4 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи инноватсионии тиббӣ ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 қабл аз баргузории ҳамоиши навбатии БРИКС дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои рӯзномаи «Жэнмин жибао» посух  доданд.

***

7 сол пеш, 4 сентябри соли 2017 Бонки миллии Узбекистон аввалин маротиба дар бораи мубодилаи асъори сӯми узбекӣ ба сомонии тоҷикӣ эълон пахш намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон Бозиҳои 18-уми тобистонаи осиёиро бо 7 медал ҷамъбаст намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табиати нотакрори Тоҷикистон ва ҳайвони нодири он- бузи пармашох, ки байни сокинони маҳаллӣ бо номи морхӯр маъмул аст, таҳти унвони «Морхӯр» филми мустанад таҳия менамоянд.

***

4 сентябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот доир намуданд. Зимни суҳбат Сарвари давлати мо аҳамияти ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия таъкид намуданд.

4 СЕНТЯБР:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи китоб.

***

Рӯзи байналмилалии таэквондо.

***

Дар Аргентина — Рӯзи муҳоҷират.

***

Дар Молдова – Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Акобир Адҳамов, соли 1928 — доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Сентябрь 4, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст