Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар мулоқоти вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Эрон дар Теҳрон баррасӣ шуданд

Сентябрь 24, 2024 17:35

ДУШАНБЕ, 24.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва аҳамияти Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои минтақа дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири навтаъйини неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиабодӣ  дар Теҳрон баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамзамон  лоиҳаи «Азнавпайвастшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ»,  тарҳи минтақавии «САSA-1000», инчунин  интиқоли нафти хом барои эҳтиёҷоти корхонаҳои коркарди нафти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар меҳвари  мулоқоти вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Эрон қарор  гирифт.

Зимнан бояд гуфт, ки Далер Ҷумъа ва Аббос Алиабодӣ ҳамраисони Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Аз ин рӯ, дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни  Тоҷикистон ва Эрон  матраҳ гардид.

Изҳори итминон карда шуд, ки савдои хориҷӣ байни ду давлати дӯст тавсеа ёфта, ба сатҳи нав мебарояд.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 24, 2024 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад