Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон ва мактаббачагон соҳиби 11 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон ва мактаббачагон, ки дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, соҳиби 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Мусобиқа аз 27 август то 10 сентябр дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардида, дар он байни мактаббачаҳо аз Тоҷикистон Анӯшервон Сиддиқов (33 кг) ва Акбарҷон Абдуллоев (58 кг) ба гирифтани медали тилло шарафёб гардиданд. Инчунин Дилшод Сиҷаев (35 кг) медали биринҷӣ ва Фирӯзҷон Бойматов (37 кг) медали нуқра ба даст оварданд.
Байни наврасон Фариноз Абдуллоева (54 кг) ва Билолҷон Иксанов (54 кг) медалҳои тиллоро соҳиб шуданд. Мино Азамзода (60 кг), Амирбек Маҳрамов (52 кг), Абубакр Азизов (57 кг), Сорбон Нурализода (66 кг) ва Умарҷон Асроров (63 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Федератсияи бокси Тоҷикистон ба ин чемпионат ҳайати мукаммал, иборат аз 27 нафар (14 муштзан байни мактаббачаҳо ва 13 муштзан байни наврасон)-ро равон намуд. Онҳоро дар ин мусобиқа мураббиҳо Саидхоҷа Мамуров, Тоирҷон Аглухов, Эмомалӣ Малаев, Рустам Музаффаров, Улфатшоҳ Ҳошимов, Ҳасан Мӯсоев ва Хуршед Абдуллоев ҳамроҳӣ карданд. Ҳамчунин Акмалҷон Абдуллоев дар ин мусобиқа чун довар иштирок намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар чемпионат байни мактаббачагон 149 варзишгар аз 24 давлати қора иштирок карданд.
АКС: Федератсияи бокси Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






