35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯИ ДАВЛАТӢ. Дар Шуғнон осоишгоҳи табобатӣ ва корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода шуданд

Октябрь 16, 2024 09:20

ДУШАНБЕ, 16.10.2024. /АМИТ «Ховар». Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон бо иштироки намояндагони дахлдори мамлакат корхонаҳои саноатӣ ва осоишгоҳи табобатӣ ба  истифода дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.

Осоишгоҳи табобатӣ ба талаботи санитариву гигиенӣ ҷавобгӯ буда, дорои ҳуҷраҳои барҳаво ва ҳавзҳои шиноварӣ бо фарогирии 7 ҷойи кор мебошад. Он тибқи талаботи меъморию шаҳрсозӣ сохта шуда, дар як шабонарӯз метавонад ба 15 нафар хизмат расонад.

Осоишгоҳ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо тарҳи наву замонавӣ ба истифода дода шуд.

Инчунин дар ноҳия корхонаи истеҳсоли хиштҳои сементии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Субҳия» ба фаъолият оғоз намуд.

Коргоҳ дорои таҳҷизот ва технологияи нави истеҳсолӣ буда, сохтмони он соли 2023 оғоз гардида буд. Зимни бунёди иншоот 11  сохтмончии маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.

Корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ, ки дар деҳаи Боғеви Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон қарор дорад, низ ба истифода дода шуд.

Корхона дар заминаи корхонаи ғалла бунёд ёфта, барои ба фурӯш баровардани маҳсулоти ниҳоии нонӣ дар ҳудуди ноҳия пешбинӣ шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

 

Октябрь 16, 2024 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Зафаробод Маркази стоматологӣ кушода шуд
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
Дар Панҷакент корхонаи мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳидорӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад
Роҳи мошингарди Ёвон — Ваҳдат — Норак навсозӣ карда мешавад
Соҳибкори ватандӯст дар ноҳияи Варзоб тақрибан ду километр роҳи деҳаашро мумфарш кард
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Роҳи мошингарди Чимтеппа-Шарора-Ҳисор баъд аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Беш аз 17 километр роҳи мошингарди Хуҷанд – Истиқлол мумфарш карда мешавад
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ – ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Назари коршинос дар ин мавзуъ
Роҳи маҳаллаи Гулистон то кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе навсозӣ ва мумфарш карда мешавад