35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳринав корхонаи парандапарварӣ сохта мешавад

Октябрь 22, 2024 13:51

ДУШАНБЕ, 22.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби филиали корхонаи хурди парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Агрофирма» корхонаи хурди парандапарварӣ барои парвариши 200 ҳазор сар мурғи гӯштдеҳ бунёд мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.

Сохтмони марҳилаи якуми корхона соли 2022 барои парвариши 50 ҳазор сар мурғи гӯштдеҳ амалӣ гардида буд.

Масоҳати умумии корхона аз 4 гектар иборат буда, бинои асосии он дар 0,80 гектар сохта мешавад.

Корхона аз 3 коргоҳи алоҳида иборат аст. Ду коргоҳ бо тарҳу усули замонавии дуошёна сохта шуда, дар онҳо техникаву технологияи пешқадами замонавӣ барои парвариши мурғ насб гардидаанд. Дар ҳар коргоҳ 50 000 сар мурғи гӯштдеҳ парвариш карда мешавад.

Дар назар аст, ки корхонаи хурди парандапарварӣ дар муҳлати муайян сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои парвариши мурғ таъмин мегардад. Ҳамзамон 30 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

 

Октябрь 22, 2024 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд