Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маркази ноҳияи Рӯшон дар вазъияти тантанавӣ майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд.
Майдони Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия дар масоҳати 600 метри мураббаъ дар асоси лоиҳаи ҷолиб, дар паҳлуи парчами давлатӣ ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бунёд шудааст.
Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метр буда, майдони назди он бо тахтасангҳо аз санги хоро ороиш ёфтааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар майдони Нишони давлатӣ моҳи июл оғоз ёфта, бо саҳми соҳибкорони бо нангу номуси ноҳияи Рӯшон ва сокинони маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Бо мақсади ободу зебо ва назаррабо гардидани майдони Нишони давлатӣ даромадгоҳ ва роҳравҳо сафолпӯш карда шуда, гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонида шудааст.
Чароғонии ин мавзеъ ва насби суҳбаткадаҳо имкон медиҳад, ки сокинону меҳмонони ноҳия рӯзона ва шабона сайругашт намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро ба вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.









Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд






