56 фоизи маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба вилояти Хатлон рост меояд
ДУШАНБЕ, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 56 фоизи маҳсулоти соҳаи кишоварзии мамлакат ба вилояти Хатлон рост меояд. Дар ин хусус 17 октябр зимни баргузории Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест» иттилоъ дода шуд.
Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 62 фоизи ғаллаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда, 67 фисади пахта, 52 фоизи пилла, 60 фоизи сабзавот, 78 фисади зироати полезӣ, 60 фоизи гӯшт, 42 фоизи шир ва 43 фоизи маҳсулоти саноатӣ ба вилояти Хатлон рост меояд.
Масоҳати заминҳои обёришаванда дар вилоят 338 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки он ба 45 фоизи тамоми заминҳои обии ҷумҳурӣ баробар аст. Танҳо соли 2023 дар вилоят зиёда аз 1,1 миллион тонна ғалла, 1,8 миллион тонна сабзавот, 227,3 ҳазор тонна картошка, 276,2 ҳазор тонна мева, 125,0 ҳазор тонна ангур ва 229 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола аз вилоят ба дигар давлатҳо қариб 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мешавад.
Соҳаи кишоварзӣ дар амалигардонии стратегияи рушди устувор, таъмини амнияти озуқаворӣ, шуғли аҳолӣ, коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ ва дар маҷмуъ беҳсозии сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат нақши калидӣ дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






