60 нафар зани ҳунарманд соҳиби гранти Раиси вилояти Суғд гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба 60 нафар занони ҳунарманд гранти Раиси вилояти Суғд дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол барои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойи нави кор гранти президентӣ ҷудо карда мешавад, ки маблағи он аз 10 то 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Соли 2024 24 нафар занони вилоят бо пешниҳоди лоиҳаҳо соҳиби гранти президентӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки занони ҳунарманди вилоят солҳои 2010-2023 ба маблағи 4 миллион сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб шуданд. Онҳо бо ин маблағҳо дар баробари беҳтар намудани шароити иқтисодии оилаашон ҳамчунин барои занону духтарони дигар ҷойи нави кори доимӣ таъсис доданд.
Соли равон дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) барои 60 нафар занон гранти Раиси вилояти Суғд, аз ҷумла 15 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба комиссияи грантҳои Раиси вилояти Суғд 138 лоиҳаи дархостӣ барои рушди ҳунарҳои гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, армуғонсозӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, қаннодӣ, гулпарварӣ ва амсоли инҳо пешниҳод шуд.
Тибқи лоиҳа, зиёда аз 550 нафар занон бо кору омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Бо иқдом ва дастгириҳои Сарвари давлат ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд рушд меёбанд. Ҳоло 288 маркази ҳунармандӣ, аз ҷумла 108 маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва 180 маркази намудҳои дигари ҳунарҳо фаъолият доранд. Дар марказҳои таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ 30 ҳазору 837 нафар занону духтарони хонанишин ба ҳунармандӣ ҷалб шудаанд.
Ҳамчунин дар вилоят 40 коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият менамояд, ки ба амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид






