Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои хориҷӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 17.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи забономӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон, инчунин табодули таҷриба ва ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ дар вохӯрии ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҷеш Уики баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар муассиса барои донишомӯзон бобати омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони ҳиндӣ тамоми имконияти зарурӣ фароҳам гардидааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани робитаҳои судманди донишгоҳ бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии Ҳиндустон табодули назар намуданд.
Дар доираи вохӯрӣ бахшида ба 32-солагии робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон «Ҳафтаи забони ҳиндӣ» баргузор гардид.
Инчунин ба омӯзгорони фаъолу ғолибони озмуни «Ҳафтаи забони ҳиндӣ» Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд






