Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия тақвият меёбад

Октябрь 28, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 28.10.2024. /АМИТ «Ховар»/.  26 октябр Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия, генерал-полковники политсия Андрей Храпов вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду давлат дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор суҳбат намуданд.

Инчунин мубодилаи иттилоот, таҷриба ва дигар масоили муҳим мавриди гуфтугӯи судманд қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо барои минбаъд таҳким бахшидани ҳамкории самарабахш ибрози назар намуданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 28, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи Барномаи муштараки «Тағйири низомҳои озуқаворӣ барои беҳтар намудани сифати ғизо» қабул шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад