Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти омори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 70-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии ин шуроро бар уҳда дошт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омор хабар доданд, дар кори шуро масъалаҳои муҳими омории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор вобаста ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти омори давлатҳои аъзо ва нақшаҳои минбаъдаи Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул карда шуданд.
Инчунин дар раванди ҷаласа масъалаҳои ташаккул ва роҳҳои муосири паҳннамоии саривақтии иттилооти оморӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ барои баланд бардоштани сатҳи қаноатмандии истифодабарандагони маълумоти оморӣ, амалияи мавҷуда дар самти таҳиянамоии маълумоти омори расмӣ дар давлатҳои аъзо ва татбиқи тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ дар низоми омори давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил матраҳ гардиданд.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






