Байни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд

Октябрь 25, 2024 17:19

ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин санад аз ҷониби Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва Котиби генералии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо Андрей Белянинов ба имзо расонида шуд.

Баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ байни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо қадами муҳим дар густариши робитаҳои байналмилалӣ ва тақвияти ҳамкории ҷавонон ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин созишнома ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, ташаккули ҳувияти миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон ибрози омодагӣ намуданд.

Мақсад аз ин ҳамкорӣ рушди ҳамоҳангшудаи ҷавонон дар заминаи табодули таҷриба, ташкил ва пешбурди барномаҳои муштарак, ташкили чорабиниҳои байналмилалию минтақавӣ ва фароҳам овардани имконияти бештар барои тавсеаи фаъолияти ҷавонон мебошад. Ҳамчунин ин иқдом ба таҳкими дӯстӣ, ҳамкории судманд ва ҳамдигарфаҳмии ҷавонони кишварҳои Авруосиё ва Африқо мусоидат мекунад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 25, 2024 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд