Байни табибони Тоҷикистон дар Эрон даври омӯзишӣ баргузор мешавад

Октябрь 8, 2024 13:43

ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни табибони Тоҷикистон ва  Эрон даври омӯзишӣ ва табодули таҷриба гузаронида шуда, то 17 октябр идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

24 табиби тоҷик барои омӯзиш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтанд. Давраи омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, табодули таҷриба байни роҳбарони соҳаҳои тандурустии Эрон ва Тоҷикистон оид ба масоили кумаки аввалини тиббию санитарӣ (КАТС) гузаронида мешавад.

Табибони тоҷик дар даври омӯзишӣ бо сохторҳои идоракунӣ, қоидаҳо ва нақши давлат дар таъмини дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ шинос мешаванд. Ин ба  табибони тоҷик имконият медиҳад, ки таҷрибаи идоракуниро баррасӣ намуда, самтҳои беҳбуди сиёсати тандурустии Тоҷикистонро муайян намоянд. Даври омӯзишӣ ва табодули таҷриба байни табибони Тоҷикистон ва  Эрон 6 октябр оғоз гардид.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 8, 2024 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид