Беш аз 100 нафар ҷавонони ғайратманди Шаҳринав хизмати Ватан-Модарро ихтиёр карданд
ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 108 ҷавони далеру боғайрати ноҳияи Шаҳринав ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.
Дар ҳамоише, ки бахшида ба Рӯзи даъватшаванда дар ноҳия доир шуд, иброз гардид, ки даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ» баргузор мешавад.
Ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқуъ пайваст. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ, маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад.
Дар ҳамоиш падару модарони наваскарон сухан гуфта, ба ҷавонон дар ҳимояи марзу буми мамлакат, таъмини оромию амният ва суботи саросарии ҷумҳурӣ, инчунин садоқат ба миллату Ватан ва ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ комёбӣ ва шарафмандӣ таманно намуданд.
Дар ҳамоиш раиси ноҳия ба ҷавононе, ки даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддати ронандагиро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорид. Инчунин ҳамчун анъанаи нек бо иштироки модарони наваскарон маросими нонгазон баргузор шуд.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби бузурги шуҷоъатмандӣ мебошад, аз ин рӯ ҳар ҷавон бояд дар ин мактаб сабақи мардонагию далерӣ омӯзад. Солҳои охир бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ ва таълиму тадриси наваскарон беҳтар гардидааст. Дар маҷмуъ, қудрату тавоноии Артиши миллӣ дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва озодию оромии мамлакат басе бузург мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид






