Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»-ро Сайёдҷон Зайниддинов доварӣ мекунад

Октябрь 18, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Доварон, нозири доварон, ҳамоҳангсоз ва комиссари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 оид ба футбол, ки дар он дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» ба ҳам меоянд, таъйин шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Довари марказии ин дидор довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе таъйин шуд. Ба ӯ Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) ва Ҷӯрабек Содиқов (Варзоб) кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба Бахтиёр Комилов аз Кӯлоб вогузор шудааст. Довари ФИФА Аскар Наҷафалиев аз Узбекистон дар VAR кор карда, Шарифбек Нуруддинов (Душанбе) ба ҳайси ёвари VAR фаъолият менамояд. Сафармаҳмад Шоймардонов аз Хуросон кори ҳайати доваронро назорат мекунад. Раҳмон Муртазоев ҳамоҳангсози финал ва Сӯҳроб Ҳамидов комиссари бозӣ таъйин шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» 20 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 14:30 оғоз мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 18, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд