ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Дар рӯзи сеюми мусобиқа қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн доир мегарданд

Октябрь 4, 2024 10:25

ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 4 октябр- дар рӯзи сеюми нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн: -70 кг байни духтарон ва -81 кг, 90 кг байни писарон баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии ҷудо.

Аз Тоҷикистон имрӯз дар ин мусобиқа 5 варзишгар иштирок менамоянд. Инҳо Аминҷон Абдуҷалилзода, Сунатулло Мусоев ва Муҳаммад Юсуфзода дар вазни то 81 кг, Мусохон Ғаниев, Музаммир Каримзода ва Сомонӣ Кишваров дар вазни то 90 кг мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 2 октябр дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз гардид, ки то 6 октябр идома меёбад. Дар чемпионат 531 варзишгар (290 мард, 241 зан) аз 67 давлати ҷаҳон иштирок доранд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ  (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.

Дар ду рӯзи  Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон варзишгарони тоҷик Лоиқ Қудбиддинов (-60 кг) сазовори медали нуқра ва Муҳидин Асадуллоев (-73 кг) сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 4, 2024 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд