Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид

Октябрь 14, 2024 11:46

ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Урумчии Ноҳияи худмухтори Синзян Уйғур /шимолу ғарб/-и Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма баргузор гардид, ки  дар он зиёда аз 500 намоянда аз 208 расонаи иттилоотии пешрафта, идораҳои ҳукуматӣ ва дигар муассисаҳои 106 давлат ва минтақаҳои ҷаҳон, инчунин муассисаҳои назди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иштирок намуд.

Дар ҷараёни саммит ҳамчунин намоиши дастовардҳои технологӣ ва маводи Агентии иттилоотии «Синхуа» дар бахши зеҳни сунъӣ ва дар Синтзян намоишгоҳ бахшида ба мубориза бо терроризм доир гардиданд. Иштирокчиёни саммит дар ҷаласаи пленарӣ баромад намуда, масъалаҳои муҳими фаъолияти воситахои ахбори омма, зеҳни сунъӣ, амният ва дигар мавзуъҳои муҳимро баррасӣ намуданд.

Соли равон ба таъсиси механизми Саммити ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма 15 сол пур мешавад. Бо шарофати саъю талошҳои мутахассисони воситаҳои ахбори омма дар саросари ҷаҳон ин саммит ба платформаи сатҳи баланд барои мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии глобалӣ табдил ёфта, аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардид.

Саммит, ки ба мавзуи «Зеҳни сунъӣ ва трансформатсияи ВАО» бахшида шудааст, соли равон дар якҷоягӣ бо агентии  «Синхуа» ва ҳокимияти халқии Синтзян гузаронида мешавад. Ба иштирокдорон ҳамчунин тамошои маконҳои гуногуни тамоми ноҳия пешниҳод мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 31 августи соли 2017 дар Пекин байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии миллии иттилоотии Чин «Синхуа» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

21 майи соли 2023 дар Пекин «Протоколи иловагӣ дар доираи Ёддошти ҳамкорӣ бо Агентии миллии иттилоотии Чин «Синхуа» аз соли 2017» ба имзо расид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2024 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид