Дар доираи баргузории Иди Меҳргон Иди себ низ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар доираи баргузории Иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе Иди себ низ доир шуд.
Ташкилоти ҷаҳонии озуқаворӣ себро ба рӯйхати зироати асосии таъминкунандаи бехатарии озуқаворӣ ворид кардааст. Дар Тоҷикистон аз рӯи майдони истеҳсол пас аз зардолу себ дар ҷой дуюм меистад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз намуд, минтақаи асосии себпарварии саноатӣ дар ҷумҳурӣ Рашт мебошад. Дар минтақаи Рашт себҳое парвариш карда мешаванд, ки ба навъҳои зимистонӣ, тирамоҳии бармаҳал ва тирамоҳӣ махсус гардонида шудаанд.
Дар Ҳисор навъҳои зимистонӣ, тобистонии бармаҳал ва тирамоҳӣ парвариш карда мешаванд. Дар минтақаи Кӯлоб- навъҳои зимистона ва тирамоҳӣ, қисман тобистона парвариш меёбанд. Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд навъҳои тирамоҳию зимистона ва дар Вилояти Кӯҳистони Бадахшон навъҳои тирамоҳӣ ва зимистонаи себ мерӯянд.
Себ яке аз маъмултарин меваҳо буда, аз ҷиҳати истеҳсол дар дунё пас аз меваҳои ситрусӣ, банан ва ангур меистад. Боғҳои ин меваи шаҳдбор дар ҷаҳон дар зиёда аз 5 миллион гектар доман паҳн кардаанд. Ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 64 миллион тонна себ ҷамъоварӣ мегардад, ки 21 фоизи ҷамъи меваи дар ҷаҳон истеҳсолшударо ташкил медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъи «Шоҳисеб», «Шоҳҳусайнӣ», «Гулсеб», «Пахтасеб», «Понғозӣ», «Рахш», «Қосимӣ», «Чоҳсеб», «Шулмун» ва ғайраҳо парвариш меёбанд, ки қисми зиёди онҳо имрӯз дар хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ парвариш карда мешаванд.
Тибқи таҳлили мутахассисони соҳаи тиб, дар таркиби кимиёии себ 81,0-88,3 фоиз об, 11,7-19,0 фоиз моддаҳои хушк, 4,92-16,0 фоиз қандҳо (асосан глюкоза), 0,20 — 4,2 фоиз туршиҳои органикӣ, 0,07 — 0,26 фоиз моддаҳои даббоғӣ, витаминҳои А, В1, В2, С, РР, маҷмуи моддаҳои фаъоли биологӣ, минералӣ ва ғайра мавҷуд мебошанд.
Инчунин дар таркиби себ моддаҳои фаъоли биологии гурӯҳи Р (катехинҳо, антосианҳо, лейкоантосианҳо) ба бунияи инсон фараҳ бахшида, ба рафъи унсурҳои радиатсионӣ ва консерогенӣ, ки боиси касалиҳои саратонӣ мегарданд, мусоидат мекунад. Мавҷудияти оҳан ва витамин хусусияти давоии ин меваро афзун мекунад.
Ҳикматулло Назиров иброз намуд, ки дар айни замон дар Тоҷикистон талабот ба боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ зиёд гардидааст. Боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ назар ба боғи анъанавӣ серҳосилу фоидаовар аст. Зеро аз як бех ниҳоли дар боғи интенсивӣ парваришёфта то 5-6 кило ҳосил гирифтан мумкин аст. Ҳамчунин дар як гектар боғи интенсивӣ аз 500 то 3 ҳазор ниҳол шинонидан мумкин аст.
Соли равон талаботи аҳолӣ ба меваи себ, ки дар боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ хуб парвариш ёфтааст, зиёд шудааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»




























Дар шаҳри Ваҳдат «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» баргузор мегардад
Раванди иҷро ва мушкилоти рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо баррасӣ гардид
ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ. Ва ё қадаме ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи сайёра
Байни Тоҷикистон ва Корея оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Доир ба муаррифӣ ва баррасии имконоти сармоягузории Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
WTDC-2025: Тоҷикистон ва Эрон дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи барқиро баррасӣ намуданд
Султон Раҳимзода дар Форуми байналмилалии «Istanbul Development Dialogues 2025» рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
Неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт 115 ҳазор хоҷагиро бо неруи барқ таъмин менамояд
То соли 2030 истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ ба 3000 МВт мерасад
Натиҷаҳои марҳилаи аввали лоиҳаи «Ташаббуси ҷаҳонии масъулиятшиносии мақоми олии аудит» муаррифӣ карда шуд
Масъулини вилояти Суғд барои андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи маориф вазифадор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ (WTDC-2025) дар Боку иштирок дорад






