Дар Душанбе оид ба маъмурикунонии андоз ва замимаи мобилии ҳуҷраи шахсии шахсони воқеӣ машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе дар мавзуъҳои маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда ва тартиби истифодаи замимаи мобилии ҳуҷраи шахсии шахсони воқеӣ машварат баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Машварат аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии андози Русия ташкил шуд.
Намояндагони Хадамоти федералии андози Русия тартиби истифодаи системаи автоматикунонидаи назорати андоз аз арзиши иловашуда ва замимаи мобилиро, ки таҳия намудаанд, дар шакли рӯнамо ба иштирокчиён пешниҳод намуданд.
Иброз гардид, ки системаи автоматикунонидаи назорати андоз аз арзиши иловашуда дар асоси маълумоти ҳисобнома-фактураҳо ва эъломияҳои андозсупорандагон графҳои иттилоотии бо ҳам алоқамандро ташаккул медиҳад. Тавассути ин графҳо муносибатҳои молиявии андозсупорандандагон муайян шуда, ба пешгирии иҷро нагардидани қонунгузории андоз мусоидат менамояд. Ҳамчунин он ба дигар истифодабарандагони манфиатдор барои омӯхтани маълумоти иловагӣ оид ба андозсупорандагон ва ҳисоботдии онҳо дар ин система бе гузариш ба дигар манбаъҳои иттилоотӣ имконият медиҳад.
Замимаи мобилӣ дар ду платформаи мобилӣ-Android ва iOS татбиқ мегардад ва вазифаҳои зерин, аз ҷумла бақайдгирӣ дар утоқи шахсӣ, ворид шудан ба система тавассути рамзи махфӣ ё бо истифода аз маълумоти биометрӣ, шинос шудан бо паёмҳои Кумитаи андоз, кор кардан бо ҳисобкунаки андоз, шиносоӣ бо маълумот оид ба амволи шахси воқеӣ ва дигар имкониятҳоро амалӣ менамояд.
Дар машварат иштирокдорон мубодилаи афкор намуданд. Иброз гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, андозсупорандагон ва шарикони рушд сиёсати андоз ва маъмурикунонии андоз дар Тоҷикистон давра ба давра беҳтар гардида, барои самаранок татбиқ намудани назорати андоз, пешниҳод намудани хизматрасонии босифат ба андозсупорандагон ва васеъ намудани манбаи андоз дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз барои расонидани кумаки беподошти техникӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи Русия чорабиниҳо амалӣ шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»













«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд






