Дар Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) аз 15 то 18 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Дар назар аст, ки дар доираи ин синамоҷоиза, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Русия, Форуми байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Тоҳир Собиров, Питчинги байналмилалии лоиҳаҳои синамоӣ, дарсҳои «Устод ва шогирд» ва Шурои директорони киностудияҳо баргузор гарданд.
Дар доираи Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ намоиш дода мешаванд.
Ҳамчунин дар чаҳорчӯби он филмҳои пурра, кӯтоҳи бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи навор омадаанд, пешниҳоди тамошобинони кинои тоҷик мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» доир мешавад.
Он ба тарғиби дастовардҳои замони истиқлол, махсусан рушд ва шукуфоии босуръати шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






