Дар Вашингтон татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор, ки дар шаҳри Вашингтон аз 21 то 26 октябр баргузор шуд, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо атрофи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди назар изҳори омодагӣ намуданд.
АКС:Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






