Дар вилояти Хатлон Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар раванди эъмори ҷомеаи демократӣ дар мамлакат нақш ва мавқеи хосса дорад, бо татбиқи мақсадҳои худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, роҳнамоии шаҳрвандон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии мамлакат бояд пайваста талош варзад. Зеро мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дархосту манфиатҳои мардум ҳамоҳанг буда, ҳизби мо бояд дар татбиқи барномаҳои созандаи худ ҳамеша ба неруи зеҳнии халқ такя намояд. Ин матлабро Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни баргузории Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баён намуд.
Дар конференсия оид ба фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ (аз январи соли 2023 то сентябри соли 2024), ҳисоботи комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, интихоби аъзои комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни конференсия аъзои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон интихоб гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад






