ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи ҳадафҳои стратегии миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии беш аз 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад. Илова бар ин, боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи умумии 2,7 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон, ки ду сол пеш оғоз гардида буд, мутобиқи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ бунёд шуда, дар оянда барои дар ҳақиқат ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон ва мавзеи ҷолиби сайёҳон мубаддал гардонидани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат менамояд. Дар доираи ин лоиҳа, ки арзиши умумии он 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом дода шудаанд.
Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ оид ба бунёду навсозии роҳҳо дар ҳудуди вилоят ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд. Лоиҳаҳои бунёду таҷдиди роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр) ва аз Варшез то гузаргоҳи Кулма – Қаросу (300 километр) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ илова ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ низ сол ба сол зиёд гардида, бо ин мақсад беш аз 330 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар натиҷа 980 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 200 пул таъмиру навсозӣ гардиданд. Дар ин давра барои вилоят 75 техникаву нақлиёти роҳсозӣ ва таҷҳизоти муосир харидорӣ гардид.
«Маҳз бо шарофати истиқлоли давлатӣ ба мо муяссар гардид, ки дар душвортарин мавзеъҳо, яъне дар ҷойҳое, ки даҳсолаҳои зиёд бунёди роҳҳоро дар онҳо ғайриимкон медонистанд, роҳҳои замонавии ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ бунёд кунем. Ва ба ҳамин васила, робитаи нақлиётии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо пойтахти мамлакат, дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва мамолики хориҷӣ дар тамоми фаслҳои сол таъмин намоем»,- афзуданд Пешвои миллат.
Ин аст, ки иқдоми амалинамуда ҳоло ба рафтуомади бехатари шаҳрвандон ва хеле беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолии вилоят мусоидат менамояд. Тавассути ин роҳҳо, ки аҳамияти транзити байналмилалӣ доранд, ҳоло боркашонӣ, хусусан бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯз ба рӯз меафзояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






