Даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии фарҳанги меҳмондорӣ ва дастархонороӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории Иди Меҳргон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии фарҳанги меҳмондорӣ ва дастархонороӣ доир шуд, ки зимни он ҷойи якум насиби шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон гардида, бо Диплом ва 10 ҳазор сомонӣ сарфароз шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар даври ҷумҳуриявии озмун иштирокчиён аз вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе тарзи оростани дастархон ва меҳмоннавозиро пешниҳод намуданд. Ҳар шаҳру ноҳия бо риояи талаботи озмун навъҳои гуногуни хӯроку хӯриш ва маҳсулоти нонии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро пешниҳод намуд.
Озмун моҳи сентябри имсол дар ду давр- ноҳиявӣ ва вилоятӣ баргузор шуда буд.
Миллати тамаддунофари тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бойи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст. Халқи тоҷик на танҳо дар бахши омодасозии анвои таомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати баланд дорад. Хони оростаи ҳунармандони тоҷик на фақат чорабиниҳои хонаводагӣ, балки ҷашнҳои пуршукуҳи идонаи миллиро низ зебу зиннати хоса мебахшад.
Озмуни дастархонороӣ ҷузъе аз анъанаи фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки мардуми тоҷик бо сатҳи баланди меҳмондорӣ дар саросари ҷаҳон маъруф гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии фарҳанги меҳмондорӣ ва дастархонороӣ бо мақсади амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳири САИД
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»


















ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






