Густариши ҳамкории илмии академияҳои миллии илмҳои Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Беларус Василий Гурский барои густариши ҳамкории илмии дуҷониба мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Қобилҷон Хушвахтзода дар робита ба ҳамкории илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва баргузории Форуми V олимони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори андеша намуд.
Иброз шуд, ки мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок дар самти ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2023-2024 баргузории Форуми V олимони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-24 октябри соли 2024 дар назар дошта шудааст.
Таъкид гардид, ки дар ҳошияи форум ҳамзамон баргузории ҷаласаи XII Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавони назди Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назар аст.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки чунин мулоқотҳо дар оянда низ як минбари хуб барои таҳия ва мувофиқа кардани равишҳои муштарак ва таҳкими ҳамкории бунёдӣ дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ ва пеш аз ҳама, ҳифзи манфиатҳои мамлакатҳои мо хоҳанд буд.
Дар мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда хуб ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD ба мувофиқа омаданд.
Иброз гардид, ки бо густариш ёфтани ҳамкории илмӣ мо метавонем олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро барои пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибаомӯзи ва таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD ба донишгоҳу муассисаҳои илмию таҳқиқотии Ҷумҳурии Беларус бештар ҷалб намоем.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






