НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УНИВЕРСАЛИИ «ТОҶИКИСТОН-2024». Ширкатҳои хориҷӣ имкон доранд дар Тоҷикистон корхонаҳо таъсис диҳанд

Октябрь 24, 2024 14:46

ДУШАНБЕ, 24.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи шаҳри Душанбе «DUSHANBE EXPO CENTRE» Намоишгоҳи байналмилалии  универсалии «Тоҷикистон-2024», ки дар он молу маҳсулоти зиёда аз 100 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ аз 10 давлати дунё ба намоиш гузошта шудааст, доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъазода иброз намуд, ки намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шуда, зимни он намояндагони тиҷоратӣ имкон доранд шарикони нав пайдо намоянд. «Намоишгоҳ имконияти хубе барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ мебошад. Барои иштирокчиёни хориҷӣ дар ин намоишгоҳ имконият фароҳам оварда шудааст, ки молу маҳсулоташонро муаррифӣ намуда, ба бозори Тоҷикистон ворид шаванд. Ҳамзамон онҳо метавонанд бо истифода аз имконияте, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардааст, дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ корхонаҳо таъсис дода, маҳсулот истеҳсол кунанд»,-изҳор намуд Ҷамшед Ҷумъазода.

Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ аз 10 давлати дунё, аз ҷумла Русия, Узбекистон, Чин, Покистон, Эрон, Беларус маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.

Сардори коргоҳи бофандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёди ҷаҳони орзуҳои шумо» Инобат Дадаҷонова, ки дар намоишгоҳ ҳунарҳои дастии мардумиро муаррифӣ менамояд, изҳор намуд, ки коргоҳашон навтаъсис буда, онҳо асосан дар Душанбе фаъолият доранд. Ҳамчунин дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ намояндагӣ боз намудаанд. «Ба воситаи ин кор мо аз нав ҳунарҳои мардумии қадимиро эҳё менамоем. Дар коргоҳи мо занҳои хонанишин ба кор фаро гирифта шуда, дар айни замон талабот нисбат ба ин маҳсулоти сирф табиӣ афзудааст. Мизоҷон ба мо супориш медиҳанд ва мо онро дар вақти зарурӣ омода месозем. Маҳсулоти мо аз пашми гӯсфанд, буз, пахтаи одӣ омода шуда, мо асосан шолча, қолин, хурҷинҳо, ҷузвдон ва фармоиши мизоҷонро таҳия мекунем».

Инобат Дадаҷонова афзуд, ки онҳо нақша доранд коркарди пашми гӯсфандро ба роҳ монанд, то аз ин маҳсулот кӯрпаву кӯрпача, болишт ва дигар воситаҳои рӯзгорро омода кунанд.

Дар байни ширкаткунандагон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон намояндагони ширкатҳои таҳия ва тавлиди таҷҳизоти зидди сӯхтор ва ҳушдордиҳанда, тавлидкунандагони масолеҳи сохтмонӣ, иловаҳои ғизоӣ, маводи ороишӣ, доруҳои байторӣ, вояҳо ва нӯшокиҳо низ ҳастанд.

Намояндаи ширкати «PORTOL BISNES»-и Эрон ва «QXIN Group»-и Ҳиндустон Ризо Фотеҳӣ, ки аз соли 2015 дар кишварҳои гуногун ба тиҷорат машғул аст, гуфт, ки ширкати онҳо асосан маҳсулоти тиббӣ ва хушбӯйкунандаҳоро аз Эрон ба давлатҳои дигар содирот мекунад. Ризо Фотеҳӣ зимни суҳбат изҳори умедворӣ намуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии  универсалии «Тоҷикистон-2024» заминаи хуб барои ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон мегардад, то тавонанд дар оянда бо ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар ҳама самтҳо фаъолият кунанд.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкориро ҳамчун афзалият муайян намуда, ин масъала зери таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. «Афзалияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян карда шудааст. Дар он махсусан ба рушди бахши хусусӣ, густариши ҳамкорӣ ва афзоиши гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои гуногун афзалият дода мешавад. Сиёсати Тоҷикистон аз давраи аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати дарҳои боз мебошад, ки мо имрӯз бо беш аз 190 кишвари ҷаҳон муносибати дипломатӣ дорем ва бо беш аз 100 кишвари дунё муносибати савдо ва тиҷоратро ба роҳ мондаем. Баргузории чунин намоишу форумҳо, ки бахши хусусиро бо ҳам мепайванданд, ниҳоят муҳим мебошад, зеро дар доираи ин чорабинӣ соҳибкорон аз кишварҳои гуногун бо ҳам созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар оянда байни ҳамдигар тиҷоратро рушд хоҳанд дод»,- иброз дошт Ашурбой Солеҳзода.

Бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ва ҷустуҷӯи шарикон ба ҷуз аз ширкаткунандагони намоишгоҳ инчунин ҳайатҳои тиҷоратӣ аз Русия, Узбекистон, Тайиланд, Африқо ва Маҷористон ба намоишгоҳ омадаанд.

Дар намоишгоҳ корхонаи «Қолинҳои Қайроққум», ки яке аз корхонаҳои калонтарини бисёрсоҳавӣ оид ба истеҳсоли қолинҳо ва маҳсулоти қолинӣ ба ҳисоб меравад, маҳсулоти худро ба намоиш гузоштааст.

Ба гуфтаи намояндаи корхона Абдумуталлиб Абдуллоев, корхона давоми фаъолияти беш аз 60-сола дар соҳаи қолинбофӣ таҷрибаи бой ҳосил намуда, дар баробари мунтазам ворид намудани технологияҳои нав ва азхуд намудани навъҳои нави маҳсулот инчунин ба дастовардҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардидааст. «Маҳсулоти корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» бо сифати баланд, зебоӣ, услуб, рангубор ва нақшу нигор фарқ мекунад. Ин аст, ки соли 2023 дар ҷамъият ба миқдори 3171,35 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2022 5,18 фоиз зиёд мебошад»,-иттилоъ дод ӯ.

Намоишгоҳи байналмилали универсалии «Тоҷикистон-2024» ба густариши фаъолияти иқтисодии хориҷии ширкатҳои иштироккунанда ва таблиғи маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ нигаронида шудааст. Ҳамзамон дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд шарикони нав пайдо кунанд.

Сокинон метавонанд то 27 октябр аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2024 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид