ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин мавзӯъ дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Соли ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи устувори захираҳои обии Осиёи Марказӣ» конференсияи илмии байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар он олимон аз Чин иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода гуфт, ки пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 6 фоизи масоҳати умумии ҷумҳуриро ташкил дода, на танҳо манбаи бебаҳои оби тоза, балки танзимгари захираҳои об ва иқлим дар Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд.
Давоми даҳсолаи охир обшавии босуръати пиряхҳо таҳти таъсири тағйирёбии иқлим ба таҳдиди глобалии сайёра табдил ёфтааст. Тибқи пешгӯии коршиносон, дар шароити тағйирёбандаи иқлим дар охири асри XXI сеяки пиряхҳои кураи Замин аз байн мераванд. Обшавии пиряхҳо мувозинати экологиро вайрон намуда, барои гардиши об дар сайёраи мо таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ин раванд боиси сар задани офатҳои табиӣ — обхезӣ, фаромадани тарма ва сел мегардад. Офатҳо хисороти калони иқтисодӣ оварда, боиси талафоти ҷонӣ низ мегарданд.
Таъкид шуд, ки пешниҳодҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирӣ ёфтани он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор мекунад, ки сари ин масъалаҳо андешида, барои дар амал татбиқ намудани ин масъалаҳои мубраму саривақтӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.
Дар идома олимону коршиносони соҳаи экология, география ва пиряхшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Чин оид ба самтҳои муайяншуда маъруза намуданд.
Инчунин дар конференсия доир ба рушду густариши ҳамкории илмии дуҷонибаи муассисаҳои илмиву таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Чин изҳори андеша гардид.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ИМРӮЗ БА ЯК КОНСЕПСИЯИ ЭЪТИРОФШУДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ. Андешаҳои профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ин мавзуъ
МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Сангвор бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
СУЛҲ НЕЪМАТЕСТ, КИ ТАМОМИ МИЛЛАТҲОВУ ДАВЛАТҲО БА ОН НИЁЗ ДОРАНД. Мулоҳизаҳои академик Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар ноҳияи Фирдавсӣ доир ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд






