«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Ҷараёни даври чоруми озмун пурра тариқи шабакаҳои телевизионии мамлакат инъикос карда мешавад
ДУШАНБЕ, 19.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба баргузории даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин академия хабар доданд.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон- Раиси комиссияи ҷумҳуриявии ин озмун Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки ҷадвали макон ва замони баргузории даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҳарчи зудтар тасдиқ ва ба масъулин дастрас карда шавад. Инчунин ҳайати ҳакамон, комиссияи аппелятсионӣ, ҳайати ҳакамони иловагӣ ва масъулини даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуда, тасдиқи он ба муассисаҳои мавҷуда дастрас карда шавад.
Таъкид гардид, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки ҷараёни даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шуда, ба тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии мамлакат инъикос карда шавад.
Ҳамзамон дар ҷаласа ба муассиси озмун- Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор дастур дода шуд, ки барои баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» тадбирҳо андешида, даври ҷамъбастиро дар сатҳи баланд баргузор намоянд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






