ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Дар 90 фоизи ҳолатҳо сактаи мағзиро пешгирӣ кардан мумкин аст
ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории инсулт ё сактаи майна муқаррар шудааст. Ба иттилои мутахассисон, солҳои охир теъдоди беморони системаи дилу раг ба таври назаррас зиёд шудааст. Тибқи нишондиҳандаҳои омории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 10 миллион нафар одамон ба сактаи мағзӣ гирифтор мешаванд, ки 90 фоизи ҳолатҳои сактаи мағзиро пешгирӣ кардан мумкин аст. Бемории сактаи мағзи сар — ин вайроншавии гардиши хун дар мағзи сар буда, бо аломатҳои норасоии неврологии қитъавӣ пайдо мегардад.
Сактаи майнаи сар яке бемориҳои саросарии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Нишонаи ин беморӣ инҳоянд: гардиши заифи хун ва басташавии рагҳои хунгард (атеросклероз, тромбоз).
Тавре мудири шуъбаи бемории асаби Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов» Анвар Нурализода иброз намуд, ҷисми инсон қабл аз сактаи мағзи сар шудан соҳибашро огоҳ месозад. Яъне дар инсон як лаҳза карахт шудани дасту по, беҳолӣ, сарчархзанӣ, дарди сар, даст, кифт ё пушт ва хастагии бардавом ба амал меояд. Агар инсон каме маълумоти тиббӣ дошта бошад, ҳатман ба мутахассис муроҷиат мекунад. Дар ин ҳолат аз ташхиси тиббӣ мегузарад ва роҳҳои пешгирӣ тавсия дода мешаванд, то инсон ин бемориро дар ҳолати сабук ва ё бе дарду ҳис гузаронад.
Бемории сактаи мағзи сар ду намуд мешавад: камхунӣ ва хунрезӣ. Агар қаблан ба бемории сактаи мағзи сар шахсони 55-60-сола гирифтор мешуданд, ҳоло ба он одамони синни қобили меҳнат (25-50-сола) мубтало мешаванд.
Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки сабаби 40 фоизи инсулт бемории фишорбаландӣ мебошад. Фишори баланди хун бе ягон аломат, оҳиста-оҳиста ба дил ва рагҳо зарар мерасонад. Инсулт дар натиҷаи болоравии фишори хун (гипертонияи артериалӣ), атеросклерозу диабети қанд ба амал меояд. Омили гирифторӣ ба ин беморӣ одатҳои бад, ба монанди сигоркашӣ ва истеъмоли машруботи спиртӣ, пурхӯрӣ ва камҳаракатӣ мебошанд. Инчунин воситаҳои зиёди техникӣ ба саломатии инсон таъсири манфӣ доранд. Истеъмоли хӯрокҳои серравған, машруботи спиртӣ, кашидани сигор омилҳои асосии ба ин беморӣ гирифтор шудан мебошанд.
Ҳамсуҳбати мо тавсия медиҳад, ки машқҳои мунтазами ҷисмонӣ яке аз воситаҳои солим нигоҳ доштан ва тақвият бахшидани бадани инсон мебошанд.
Ба ақидаи мутахассиси соҳаи тиб, ҳангоми пайдоиши сактаи мағзӣ танҳо бо кумаки саривақтӣ метавон ҳар гуна ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ намуд. Аз ин хотир бояд тавсияҳои аввалиндараҷаро ҳар нафар донад. Пеш аз ҳама, ёрии таъҷилиро даъват намудан зарур аст. То ҳозир шудани пизишкон дар зери сари бемор болиштҳои баланд гузоштан лозим аст. Инчунин тирезаҳои хонаро кушода монда, либосҳои танги беморро кашида, гиребон ва миёнбанди ӯро кушодтар намудан муфид аст. Зарур аст, ки фишори беморро санҷида, ҳангоми аз меъёр боло будани он ба бемор доруҳои зидди фишорбаландӣ ва доруҳои оромбахшанда диҳанд. Ҳамзамон маҳси дил низ дар ҳолати баланд шудани таппиши дил ба бемор кумак намуда метавонад.
Ҳамсуҳбати мо таъкид менамояд, ки шахсоне, ки сактаи мағзи сарро гузаронидаанд, бояд мунтазам таҳти назорати духтури асабшинос бошанд ва тавсияҳоеро, ки табиб муайян намудааст, ҳатман риоя созанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






