Кишоварзони ноҳияи Файзобод 47 486 тонна картошка ва 13 428 тонна сабзавот ҷамъоварӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод ҷамъоварии ҳосили помидор, ҷуворимаккаи дон, қаламфури булғорӣ ва лӯбиёдонагӣ, ки самараи кишти такрорӣ аст, бомаром идома дорад. То 1 августи соли 2024, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия зиёда аз 50 558 тонна ғалладонагӣ, 47 486 тонна картошка, 13 428 тонна сабзавот ва 32 751 тонна мева истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки иқлими ноҳияи Файзобод барои кишт ва ба даст овардани ҳосили зиёду босифати навъҳои гуногуни помидор, картошка, қаламфури булғорӣ ва меваҷот хеле мусоид мебошад.
Деҳқонони ноҳия баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва самараноку оқилона истифода бурдани замин тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла, кишоварзони ноҳия бо олимону мутахассисони соҳа ҳамкории пурсамар намуда, тухмиҳои навъҳои серҳосил ва нуриҳоро истифода бурда, бар зидди ҳашарот ва бемориҳо муборизаро пурзӯр карда, ҳосили фаровон ба даст оварда, имрӯзҳо баҳри ҷамъоварии беталафи он талош доранд.
Тавре иттилоъ доданд, дар ноҳияи Файзобод зиёда аз 3941 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.
Акс аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






