КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ДАСТОВАРДИ МУҲИМТАРИН. Он пешрафти тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳуриро фароҳам овардааст

Октябрь 17, 2024 15:30

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон 30 сол пур мешавад. Конститутсияи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, чун бахтномаи миллат шинохта шудааст, зеро дар ҳар банди он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳифзу ҳимоя мегардад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳими ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба расмияти ҳуқуқӣ дароварда шудаанд. Ин санади меъёрии ҳуқуқие аст, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.

Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем.

Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад.

Президенти ҷумҳурӣ 6 ноябри соли 2023 дар паём ба муносибати Рӯзи Конститутсия иброз доштанд, ки «ҳанӯз бисту нуҳ сол муқаддам аз ҷониби мардуми шарафманди ҷумҳурӣ бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид. Ин дастоварди воқеан таърихӣ ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт. Гузашта аз ин, қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт».

Се маротиба ворид шудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия нишони он аст, ки меъёрҳои он вобаста ба талаботи замон ва рушди давлатдории миллии тоҷикон такмил дода шудаанд. Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 иброз доштанд, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳуриро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии ҷумҳуриамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.

Шамсулло САФАРЗОДА,
иҷрочии калони Хадамоти иҷро
дар суди ҳарбии гарнизони Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 17, 2024 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд