Намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Чин иштирок намуданд

Октябрь 18, 2024 11:31

ДУШАНБЕ, 18.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 17 октябр дар шаҳри Ҷинани Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми байналмилалии «Мубодилаи технологияи саноатӣ-интеллектуалии кишоварзии Чин-Осиёи Марказӣ» барои ташкили  алянси Паймони технологии «Кишоварзии зирак» — и Чин ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ  иттилоъ доданд.

Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии форуми байналмилалӣ  дар мавзуи «Ҳамгироии байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон» маъруза карданд. Иброз шуд, ки мубодилаи технологияи саноатӣ-интеллектуалии кишоварзии Чин ва Осиёи Марказӣ саҳми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистонро низ дар бар мегирад. Ин муассисаҳо тавассути барномаҳои нави таълимӣ ва таҳқиқотӣ дар соҳаи технологияҳои пешрафтаи кишоварзӣ, ба мисли автоматикунонии истеҳсолот, истифодаи зеҳни сунъӣ ва зироатпарварии дақиқ нақши калидӣ мебозанд. Муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон бо ҳамкории донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотии Чин имконият доранд, ки мутахассисони баландпоя омода ва ба густариши истифодаи технологияҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ мусоидат намоянд.

Ин ҳамкорӣ метавонад тавассути барномаҳои табодули донишҷӯён, омӯзгорон ва таҳқиқотчиён амалӣ шавад. Он ба интиқоли донишҳои навтарин дар соҳаи зироатпарварӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар кишоварзӣ мусоидат мекунад.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Октябрь 18, 2024 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд