НБО-И «РОҒУН». Дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон оид ба тезонидани ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти азим

Октябрь 25, 2024 08:45

ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавассути ду агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз солҳои 2018 – 2019 то имрӯз 7,5 миллиард киловатт – соат неруи барқ истеҳсол гардида, ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст. 27 сентябри соли равон, ҳамчунин, хатти интиқоли барқи 220-киловолта аз дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии «Роғун»» то зеристгоҳи «Роғун» ба истифода дода шуд. Мо «Роғун»-ро беҳуда иншооти тақдирсози аср эълон накардаем. Аз ин рӯ, ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳ ва пурра ба истифода додани иқтидорҳои он барои ҷумҳурии мо аҳаммияти ҳаётӣ дорад. Ин матлабро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» 28 сентябри соли равон баён намуданд.

Сарвари давлат зимни ин суханронӣ дастуру супориш доданд, ки ҷараёни корҳои сохтмон бо истифода аз шароиту имкониятҳои иқтисодиву молиявӣ ва техникаву технологияҳои замонавӣ, инчунин, бо риояи стандартҳои байналмилалӣ бояд тезонида шуда, иқтидорҳои навбатии неругоҳ ҳатман дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода шаванд.

«Тавре маълум аст, корҳои сохтмони неругоҳ ба лотҳои алоҳида тақсим шудаанд, ки амалисозии онҳо ба ҳамдигар вобастагии мустақим дорад. Яъне қафомонӣ дар яке аз лотҳо боиси қафомонии корҳо дар дигар самтҳо мегардад»,-таъкид намуданд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат хотиррасон намуданд, ки бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом додани корҳои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», таъмин намудани сифати онҳо ва ба истифода супоридани иқтидорҳои навбатии неругоҳ иҷрои супоришҳои зерин ҳатмӣ ва зарур мебошад:

1. Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои боз ҳам вусъат бахшидани иҷрои корҳо дар бунёди неругоҳ тадбирҳои қатъӣ ва саривақтӣ андешад.

2. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмону баистифодадиҳии иқтидорҳои «Неругоҳи барқи обии Роғун» иҷрои ҳатмии корҳоро тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад.

Дар ин раванд, ҳамоҳангсозии корҳо барои баланд бардоштани сарбанд дар моҳи августи соли 2026 то сатҳи 1150 метр ва дар моҳи августи соли 2027 то сатҳи 1175 метр таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.

Махсус таъкид менамоям, ки андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати то моҳи августи соли 2027 ба 1175 метр расонидани баландии сарбанд масъалаи афзалиятнок мебошад.

Тибқи қарордод бо Ширкати «Фойт» васлу насб ва корҳои омодасозии агрегати навбатӣ дар тирамоҳи соли 2026 пешбинӣ гардидаанд.

3. Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳамбастагӣ бо пудратчиёни лотҳои 2, 3, 4 иҷрои корҳоро вобаста ба баланд бардоштани сарбанд то сатҳи 1110 метр ва ба истифода додани нақби сохтмонии қабати 4-ум дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намояд.

4. Вазорати молия бо истифода аз ҳамаи имконияту манбаъҳо барои пардохти саривақтии маблағи корҳои анҷомёфта, харидории масолеҳ барои сохтмон, таҷҳизот ва сӯзишворӣ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешад.

5. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон назорати сифати корҳои сохтмонро дар доираи қарордодҳои басташуда тақвият бахшида, сари вақт аз ташхиси давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳои пешниҳодшавандаро таъмин созад.

6. Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо бо Комиссия оид ба гузаронидани озмунҳои байналмилалӣ, вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳои машваратӣ, гурӯҳи коршиносон, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

7. Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии «Роғун» якҷо бо Вазорати молия, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон кӯчонидани аҳолиро аз минтақаи зериобшаванда дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, ҷиҳати бо кор таъмин намудани шахсони кӯчонидашуда, ташкили курсҳои касбомӯзӣ барои онҳо, инчунин, ба оилаҳои кӯчонидашуда ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат намоянд.

8. Хадамоти алоқа якҷо бо Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктелеком» ва дигар ташкилотҳои дахлдор кӯчонидани хатти алоқаи махсуси нуриву нахиро аз минтақаи зериобшаванда дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин созад.

9. Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нурободро таъмин намоянд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки бунёди пули 920-метра аз болои обанбори неругоҳи «Роғун» тезонида шавад.

10. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барои пешгирӣ кардани ҳолатҳои садамавӣ дар иншоот ва таъмин намудани бехатарии кормандони сохтмони неругоҳ чорабиниҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, назоратро дар ин самт тақвият бахшад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми суханронӣ ба сохтмончиёни ин иншооти бузурги аср хитоб намуда, чунин иброз доштанд, ки «Бунёдгарони муҳтарами неругоҳи «Роғун»! Заҳмати шабонарӯзиву ватандӯстонаи шумо дар саҳифаҳои таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Зеро неругоҳи «Роғун» як қадами бузург дар ҷодаи расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистони маҳбубамон, рушди устувору босуръати давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва муҳимтар аз ҳама, бамаротиб беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон ба ҳисоб меравад».

«Шумо ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки мардуми шарифи Тоҷикистон – хурду бузурги мамлакат интизори ҳарчи зудтар ба анҷом расидани бунёди ин иншооти сарнавиштсоз ва дар орзуи дидани пирӯзии коргарону мутахассисони неругоҳ мебошанд. Яъне ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани бунёди неругоҳ, пеш аз ҳама, ба манфиати мардумамон мебошад», — таъкид намуданд Роҳбари давлат.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2024 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ вобаста ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҳамоиш баргузор шуд
«Тоҷик Эйр» бо фаъолгардонии парвозҳо дар хатсайрҳои маҳаллӣ рафтуомади шаҳрвандонро осон мегардонад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ соли 2024 ба аҳолӣ ба маблағи беш аз 245 миллион сомонӣ хизмат расонидааст
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
ЛИМӮ-БРЕНДИ ТОҶИКИСТОН. Як дарахти лимӯ то 1500 дона мева медиҳад
САТҲИ ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ НИГАРОНКУНАНДА АСТ. То соли 2027 дар Тоҷикистон низоми ягонаи биллингӣ таъсис меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон 100 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар шаҳри Панҷакент ба маблағи беш аз 2,1 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар Раёсати андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо соҳибкорон мулоқот баргузор шуд
Соли 2024 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар шаҳри Ваҳдат 107,7 фоиз иҷро гардид
Дар хатсайри Душанбе — Панҷакент нахустин парвози ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» амалӣ гардид
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вобаста ба татбиқи он ҷаласа доир шуд