Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рӯшон оғоз гардид.
Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Рӯшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дигар шахсони расмӣ ва сокинони сарбаланду меҳмоннавози ноҳияи Рушон бо самимияти хосса, рӯҳияи идона ва меҳри беандоза истиқбол гирифтанд.
Барои истиқболи меҳмони олиқадр аҳли санъат ва ҳунар барномаи рангину фарҳангиро дар сатҳи баланд пешниҳод намуданд.
Дар ноҳияи Рӯшон барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ гардида, раванди созандагиҳо вусъати тоза касб мекунанд.
Имрӯз симои ноҳия бо қомат афрохтани иншооту биноҳои муосир куллан тағйир ёфтааст ва қудуми файзбори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вусъати корҳои ободонӣ заминаи бештар мегузорад.









СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд






