Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон биноҳои Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №21 ва №13-ро дар ноҳияи Ишкошим ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 13.10.2024 /НИАТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим инчунин ба фаъолияти бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 оғоз бахшида, бо шароити он аз наздик ошно гардиданд.
Бинои нави муассиса барои 1240 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои имкониятҳои муосири таълимӣ мебошад. Мактаби нав 22 синфхонаи барҳавои таълимӣ дорад. Ғайр аз ин, 6 кабинети фаннӣ барои дарсҳои физика, химия ва биология ташкил гардида, дар синфхонаҳо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимӣ насб гардидаанд. Синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо 25 компютер ва тахтаи электронӣ таъмин мебошад.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки маҳорати дӯзандагиро духтарон дар синфхонаи алоҳидаи таълими меҳнат аз бар менамоянд. Барои писарон низ синфхонаи алоҳидаи таълимӣ бо дастгоҳҳои гуногун ташкил гардидааст. Ба хотири омӯзиши бозии шоҳмот ва гузаронидани мусобиқаҳои шоҳмотбозӣ дар муассиса синфхонаи алоҳида фаъол аст. Китобхонаи бинои нави муассиса бо махзани ғании адабиёти таълимӣ ва бадеӣ таъмин буда, толори хониш барои хонандагон ташкил ёфтааст.
Бинои нав инчунин дорои толори зебои маҷлисӣ бо 150 ҷойи нишаст ва ошхона бо 50 ҷой мебошад. Толори варзишӣ низ бо 100 ҷойи нишаст бунёд ёфтааст, ки дар он имконоти зарурӣ барои гузаронидани дарс ва мусобиқаҳои варзишӣ фароҳам мебошад. Таъмини гармӣ дар бинои нав тариқи буғхонаи алоҳида ба роҳ монда шудааст.
Бинои нав дар масоҳати 2 гектар бунёд ёфта, аз 4 ошёна иборат аст. Дар саҳни муассиса майдонҳои алоҳида барои бозиҳои футбол, волейбол ва майдони махсус барои обу тоби бадан сохта шудааст. Корҳои ободониву сабзкорӣ дар саҳни таълимгоҳ бо сифати баланд сомон ёфтааст.
Бояд қайд кард, ки бинои қаблии муассиса бо сабаби фарсудаву куҳна гардиданаш имконияти қонеъсозии талаботи афзояндаро бо ҷойи нишаст надошт, аз ин рӯ, бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нав бо назардошти талаботи муосир сохта шуд. Бунёди ин мактаб масъалаи норасоии ҷойи нишастро дар маркази ноҳия ба пуррагӣ ҳал намуд.
Зимни боздид омӯзгорону хонандагон ба Сарвари давлат барои чунин туҳфаи бебаҳо ва дастгирии ҳамешагӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Пас аз шиносоӣ ва суҳбати самимӣ бо мактабиён, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба таври маҷозӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №13-ро, ки дар деҳоти Птупи ноҳияи Ишкошим бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои ин муассиса дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия барои 240 хонанда дар як баст сохта шуда, аз ду ошёна иборат мебошад. Иншоот аз 14 синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ иборат аст. Дар бинои нав синфхонаи алоҳидаи технологияи иттилоотӣ ташкил гардида, 24 компютери наву замонавӣ ва тахтаи электронӣ насб гардидааст.
Қомат афрохтани иншоот самара аз татбиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шумор меравад. Бинои таълимӣ аз ҷониби “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфт ва ин иқдом ба мушкилоти чандсолаи омӯзгорону хонандагон, хоса дар сардиҳои зимистон нуқта гузошт. Зеро таълимгоҳ дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳаз, инчунин бо шабакаи гармидиҳӣ, ки тариқи ангишт фаъолият менамояд, таъмин мебошад.
Барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва гузаронидани машғулиятҳои варзишӣ дар саҳни иншоот 2 варзишгоҳи замонавӣ бо 140 нишастгоҳ сохта шудааст. Чунин шароит имконият медиҳад, ки дар ин майдончаҳо сабқатҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шавад.
Гирду атроф ва намои берунаи иншоот низ бо сифати баланд ва дар доираи талаботи муосири соҳавӣ оро дода шудааст. Омӯзгорону хонандагон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №13-ро дар деҳоти дурдасти Птуп намунаи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи шахсии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас арзёбӣ карданд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 6640 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан беш аз ҳазор иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ РОҲҲОИ ОБОДИ ДЕҲОТ БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2028». Ва ё чӣ қадар роҳҳои маҳаллӣ таъмир гардиданд?






