Рамзҳои давлатии Тоҷикистон дар таҳкими худшиносии миллии ҷавонон нақши назаррас доранд
ДУШАНБЕ, 22.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзуи «Шарҳи ватандӯстонаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корбурди он дар таҳкими худшиносии миллии ҷавонон» ҳамоиши судманд баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Зимни ҳамоиш ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода доир ба баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, бедор кардани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихор аз Ватану ватандӯстӣ, садоқат ба Тоҷикистон, ҳифзи марзи Ватан, инчунин пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ба фарҳанги бегона рӯй овардани ҷавонон сухан гуфт.
Иброз шуд, ки Суруди миллӣ ва Парчами давлатӣ рамзи ифтихори тамоми сокинони мамлакат аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ маҳсуб мешаванд.
Баробари ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент ва марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастӣ, ифтихор аз Ватан ва ватандӯстӣ фаро мегирад. Чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меояд.
Бинобар ин, ҳар яки мо, бахусус насли наврасу ҷавони мамлакат вазифадор мебошем, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифзу эҳтиёт кунем ва дар шароити бесуботии ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватанамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






