РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад

Октябрь 1, 2024 14:21

ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2028 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад. 30 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2028» аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор Кумитаи тадорукот оид ба баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд таъсис дода шавад.

Инчунин дар маҷлиси Ҳукумат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки кумитаи тадорукот якҷо бо сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории конфронсро дар муҳлати 1 моҳ таҳия ва тасдиқ намуда, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

Тоҷикистон чун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳон давоми ду даҳсолаи охир бо ташаббусҳои глобалиаш дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ба ҳайси давлати пешсаф ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли буҳрони об дар миқёси сайёра даъват намуд. Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намуд, ки татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи мусоид гузошт. Дар пешбурди чунин ҳадафҳои глобалӣ давлатҳои аъзо ва ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла аъзои Гурӯҳи дӯстони об нақши муҳим мебозанд. Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об- «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77 доир ба эълон намудани Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 14 декабри соли 2022 қабул гардид, мебошанд.

Ин ташаббусҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим нақши муассир гузошта, бозгӯи саҳми бузурги Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим дар сайёра мебошанд. Ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани субот ва дар маҷмуъ расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор саҳми назаррас мегузоранд.

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обию энергетикӣ буда, дар ҷаҳон баъд аз Чин, Русия, Амрико, Бразилия, Конго, Ҳиндустон, Канада ҷойи ҳаштум ва дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ зинаи якумро касб намудааст. 60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2024 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд