Раванди татбиқи лоиҳаи «АСИКУДА»-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҷараёни амалисозии лоиҳаи «АСИКУДА*»-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди рамзгузории электронӣ ва фаъолияти назоратчии пайгирикунандаи гардиши молҳо дар ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук баррасӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иброз намуд, ки Шурои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда,
мақсади он дар асоси ҳамкории мутақобили мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат мусоидат ба таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии мамлакат мебошад.
Инчунин доир ба тадбирҳои андешидаи Хадамоти гумрук барои ҷорӣ намудан ва истифодаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, технологияи таҳлилу коркарди маълумот дар шакли электронӣ, бо низоми ғайринақдӣ ва электронӣ пардохт намудани боҷҳои гумрукию андозҳо, таъсиси низоми «Равзанаи ягона», мукаммалгардонии идораи таваккал, кушода шудани долонҳои «сабз» барои тезонидани интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ, ба имзо расидани созишномаҳо бо мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ, ба роҳ мондани низоми давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, муҷаҳҳазгардонии баъзе дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ бо таҷҳизоти муосир ва навсозии дидбонгоҳҳои гумрукӣ ба иҷрои босифат ва барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ сухан гуфта шуд.
Дар ҷаласа ҳамоҳангсози Лоиҳаи «АСИКУДА» Григорий Варанит дар мавзуи «Ҷараёни амалисозии Лоиҳаи АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар намуда, бо пешниҳоди рӯнамо вобаста ба амалишавии Лоиҳаи «АСИКУДА» маълумоти муфассал пешниҳод кард. Гуфта шуд, ки моҳи июли соли 2023 Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии «АСИКУДА»-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Тоҷикистон ба таври озмоишӣ дар 15 гумрук ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Татбиқи озмоишии Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии «АСИКУДА»-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Тоҷикистон дар роҳи сода гардонидани расмиёти савдо, кам кардани монеаҳо, рушди тиҷорат, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон қадами муассир аст. Татбиқи ислоҳоти гумрукӣ ва гузариш ба низоми «АСИКУДА» имкон медиҳад, ки дар сатҳи миллӣ низоми пурраи электронии танзими гумрукӣ ҷорӣ гардида, таҷрибаи муосир ва пешқадами байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, беҳтар намудани назорати идорӣ ва афзоиши пардохтҳои гумрукӣ амалӣ карда шавад.
Дар ҷаласа доир ба даври пилотии Лоиҳаи «АСИКУДА», бартараф намудани мушкилиҳои раванди амалисозии лоиҳа, ҳамгироии ин низом бо дигар низомҳои фаъолияткунанда, истифодаи имзои электронӣ, омӯзиши кормандони мақомоти гумрук барои истифодаи низоми «АСИКУДА», аз байн бурдани омилҳое, ки ба бекористии қатораҳо оварда мерасонанд ва мутобиқсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ табодули назар карда шуд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
____
*АСИКУДА – (Automated System for Customs Data) -низоми автоматикунонидашудаи маълумоти гумрукӣ як системаи компютериест, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд барои идоракуни ва рушди гумрукиии давлатҳои ҷаҳон таҳия шудааст.








Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд






