Раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти омори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 70-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии ин шуроро бар уҳда дошт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омор хабар доданд, дар кори шуро масъалаҳои муҳими омории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор вобаста ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти омори давлатҳои аъзо ва нақшаҳои минбаъдаи Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул карда шуданд.
Инчунин дар раванди ҷаласа масъалаҳои ташаккул ва роҳҳои муосири паҳннамоии саривақтии иттилооти оморӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ барои баланд бардоштани сатҳи қаноатмандии истифодабарандагони маълумоти оморӣ, амалияи мавҷуда дар самти таҳиянамоии маълумоти омори расмӣ дар давлатҳои аъзо ва татбиқи тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ дар низоми омори давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил матраҳ гардиданд.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






