Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда шинос гардид

Октябрь 2, 2024 09:25

ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар  шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда ва корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос гардид. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар ин рӯз Қоҳир Расулзода бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-ро дар деҳаи Муродтеппаи ноҳияи Носири Хусрав мавриди истифода қарор дод. Иншоот аз ду ошёна барои 320 ҷойи нишаст дар як баст иборат мебошад.

Ҳамчунин дар ин рӯз дар Ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав бинои хизматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ба истифода дода шуд. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, аз 12 хонаи 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ иборат аст.

Дар Ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 мавриди истифода қарор гирифт. Бинои муассисаи нави таълимӣ дуошёна буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Инчунин дар деҳаи Устокорони Ҷамоати деҳоти Пахтаободи ин ноҳия Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 ба истифода дода шуд.  Масоҳати умумии бино 3,60 гектарро ташкил менамояд. Дар иншооти нав ҳамчунин утоқҳои кории директори муассиса, омӯзгорон ва синфхонаҳои фаннӣ ҷойгир карда шудаанд.

Қоҳир Расулзода дар Ҷамоати деҳоти Холматови ноҳияи Шаҳритус бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Бабан бобо» дар 1,25 гектар чормағзи заминии навъи «маҳаллӣ» кишт карда, ҳоло ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритус корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои астбестӣ ба истифода дода шуд. Иншоот бо маблағи 2 миллион сомонӣ  аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммад Сатторов сохта шуда, 13 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Инчунин дар ҷамоати шаҳраки Шаҳритус коргоҳи дӯзандагии «Муродгул» ба истифода дода шуд.

Давоми шаш моҳи соли 2024 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо 343 ҷойи кор ба истифода дода шудааст.

Сарвазири Тоҷикистон дар деҳаи «Қабла»-и Ҷамоати деҳоти Назарови ноҳияи Қубодиён корхонаи истеҳсоли хишти пухтаро ба истифода дод. Иқтидори  истеҳсолии корхонаи хишти пухта дар як шабонарӯз то 40-50 ҳазор дона буда, дар майдони 30 садяк сохта шудааст. Таҷҳизоти корхона аз хориҷи мамлакат бо маблағи 5 миллион сомонӣ харидорӣ ва васлу насб гардидааст.

Дар деҳаи «Бошқалъа»-и ин ҷамоат роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ ба масофаи 3,5 километр ба истифода дода шуд. Ин роҳ бо ташаббуси соҳибкорон ва дигар шахсон сохта шуда, мушкили чандинсолаи сокинонро бартараф менамояд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

 

Октябрь 2, 2024 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Асолат ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар даврони истиқлолият» конференсия доир шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ навсозӣ гардид
Дар Тоҷикистон амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд
Барои шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Президенти Тоҷикистон хатсайрҳои нави сайёҳӣ ташкил шуданд
25 нафар хизматчиён ва кормандони идораҳои давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби манзили нави зист шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ бинои нави Раёсати молия ба истифода дода мешавад
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар шаҳри Ҳисор 49 ҳолати вайронкунии қонуни танзим ошкор карда шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Дар Тоҷикистон беш аз 15 ҳазор одамони нобино ва қувваи босираашон суст зиндагӣ доранд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз 950 иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд 600 адади он бунёд гардидааст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба низоми автоматии алоқа мегузарад
Форуми минтақавӣ оид ба коҳиш додани партовҳои пластикӣ ва моддаҳои кимиёвӣ дар таркиби пластик доир шуд
Дар шаҳри Хучанд тарабхонаи замонавии «Форел» сохта мешавад