Шаҳри Роғун нақшаи даъвати тирамоҳии ҳарбиро пурра иҷро намуд
РОҒУН, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар шаҳри Роғун пурра иҷро гардида, дар иҷрои он ҷавонони ҷасуру ватандӯсти шаҳри Роғун саҳми арзанда гузоштанд. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун хабар доданд.
Ҷавонони шаҳри Роғун бо амри дил барои адои қарзи фарзандӣ дар назди давлату миллат ва ҳифзи марзу буми меҳан ба сафи Артиши миллӣ пайваст гардиданд. Ҳамчунин қисми зиёди онҳо даври омӯзишии ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»-ро хатм намуда, сазовори шаҳодатномаҳои ронандагӣ гардиданд. Онҳо дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мутахассис-ронандаи мошинҳои гаронвазн хизмати Ватанро оғоз намуданд.
Волидайни сарбозони шаҳри Роғун иброз доштанд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Ҳамасола Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароити мусоид барои наваскарон дар қисмҳои низомӣ тадбирҳои мақсаднок меандешад.
Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва тинҷию амонӣ, ки дар ватани азизамон ҳукмфармо аст, сафи ҷавонони ихтиёрӣ дар шаҳри Роғун афзудааст. Тибқи иттилои масъулини шаҳри Роғун, ҷавонони шаҳр минбаъд низ барои ҳимояи марзу буми Ватан ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






