Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим рӯзҳои наздик соҳиби хонаҳои замонавӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим, ки 4 августи имсол аз офати табиӣ зарар диданд, рӯзҳои наздик соҳиби хонаҳои замонавӣ мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Тавре қаблан хабар додем, дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии оби рӯдхонаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим 4 август дар ин деҳа сел омад. Дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ даҳҳо хонаи истиқоматӣ, зиёда аз 4 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, боғоту замини кишоварзӣ ва дигар инфрасохтори деҳа хароб гардиданд.
Дар натиҷаи ин офати табиӣ 13 хона пурра зери сел монда, 13 хона қисман ва 13 хонаи дигар зарари сабук диданд. Сенздаҳ оилае, ки сел хонаҳояшонро пурра хароб кардааст, ба истироҳатгоҳи «Шабдез»-и ноҳияи Роштқалъа кӯчонида шуда, барояшон шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шуд.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардида тавассути 20 мошини калони боркашон маводи хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон