Соли оянда Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт пурра ба истифода дода мешавад

Октябрь 14, 2024 10:40

ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои боз ҳам беҳтар намудани таъминоти барқ ва афзоиш додани содироти он сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт идома дорад. Ин неругоҳ соли оянда пурра ба истифода дода мешавад. Чунин иброз доштанд  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 14 октябр зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки иқтидори амалкунандаи истеҳсоли неруи барқ дар ҳудуди вилоят 100 фоиз аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мекунад. Ин дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим ва дигар мушкилоти экологӣ бисёр муҳим мебошад.

Президенти мамлакат ёдрас шуданд, ки агар то соли 1991 иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар вилоят ҳамагӣ 10,4 мегаваттро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда соли 2024 ба 47,5 мегаватт расидааст, яъне 4,7 баробар зиёд шудааст. Илова бар ин, Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ то охири соли 2025 дар вилоят боз 22 мегаватт иқтидори навро ба кор дароварда, ҳаҷми умумии онро ба 76,5 мегаватт расонад.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат эълон шуда, дар заминаи амалисозии маҷмуи тадбирҳои мушаххас дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешравиҳои назаррас ба даст омаданд. Бо ин мақсад дар ин давра ба соҳаи энергетикаи вилоят дар маҷмуъ, беш аз 3,4 миллиард сомонӣ маблағ равона гардид.

Зимни суханронӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки  то имрӯз дар вилоят 73 лоиҳаи хурду миёна ба маблағи умумии 1,7 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло корҳо дар доираи 11 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ идома доранд. Дар натиҷаи амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳудуди вилоят 31 мегаватт иқтидори нави истеҳсоли неруи барқ бунёд гардида, иқтидори мавҷуда дар ҳаҷми 14 мегаватт таҷдиду навсозӣ карда шуд.

«Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 13 фоизи муштариёни вилоят ба барқи 12-соата дар як шабонарӯз дастрасӣ доштанд. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида аз соли 2016 инҷониб вазъи барқтаъминкунӣ дар вилоят беҳтар гардида, ба 98 фоиз расонида шуд. Яъне аз соли 2016 инҷониб, ба истиснои қисми муштариёни водии Бартанг ва қисми муштариёни ноҳияи Мурғоб тамоми аҳолии вилоят шабонарӯзӣ бо неруи барқ таъмин гардидаанд»,-иброз доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

АКС: АМИТ «Ховар» / бойгонӣ

Октябрь 14, 2024 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад