СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
ДУШАНБЕ, 01.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтани Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб аҳамияти байналмилалӣ, геополитикӣ, сиёсӣ, илмӣ, иҷтимоиву тамаддунӣ ва замонӣ дорад.
— Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ба чунин як ҷоиза ниёз дошт, то вориси ростин ва меросбари асосии Пури Сино будани худро бори дигар ба ҷаҳониён собит созад. Хушбахтона, сиришти синоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит кард, ки дар воқеъ Абуалӣ Ибни Сино – он ситораи пурифтихори илму тамаддуни ҷаҳонӣ дар домани поку муббарои чӣ фарҳанг ва мардуме парварда шудааст. Таъсиси ин ҷоиза дар навъи худ, падидаи бисёр муҳими илмиву фарҳангист, аммо бояд ба ҷанбаҳои дигари ин падида таваҷҷуҳ зоҳир намуд ва аҳамияти онро аз нуқтаи назари арзишҳои миллӣ ва замонӣ низ тафсир кард:
1. Сиришти синоии Пешвои миллат
Барои мардуми ориёӣ, хусусан тоҷикон боиси ифтихор аст, ки фарзанди барӯманди онҳо — Пури Сино аз доираи як миллат берун рафта, ба як арзиши ҷаҳонӣ табдил шудааст. Албатта, ин ифтихор як воқеият, як далел аст. Ҳамин аст, ки дар гӯша-гӯшаи ҷаҳон, наздик ба 200 сол мешавад, ки даъвоҳо бар сари мансубияти миллии Абуалӣ Ибни Сино зиёд шуда истодааст. Албатта, дар доираҳои илмии боэътимод, хусусан дар сатҳи ҷаҳонӣ дар донишгоҳҳо ва пажуҳишгоҳҳои бонуфуз медонанд, ки Сино бархоста аз чӣ фарҳанг ва тамаддунест. Аммо барои ҳифзи ин арзиш ва муҳимтар аз ҳама, соҳибӣ кардани он, дар замони муосир, ки замони таҳоҷуми фарҳангӣ ва таърихсозиҳои росту дурӯғ аст, андешидани тадбиру иқдомҳои амалии саривақтӣ низ муҳим мебошанд.
Донишманди варзидаи тоҷик, шодравон Валӣ Самад дар як мақолаи арзишманди худ, ки таърихи баҳсҳо ва даъвоҳо бар сари мансубияти миллии Синоро баррасӣ мекунад, фикри ҷолибе пешниҳод намудааст: «Пайи даъвои Сино сиришти синоӣ бояд дошт». Яъне онҳое, ки даъвои аз они худ кардани Синоро доранд, бояд вуҷуди Синоӣ, тиннату сиришти Синоӣ бояд дошта бошанд. Имрӯз таҷассуми амалии ин андеша фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки метавон онро сиришти синоии Пешвои миллат номид.
2. Аҳамияти илмиву фарҳангии ҷоиза
Тавре дар шарҳи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб омадааст, яке аз ҳадафҳои бунёдии он «арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон» аст. Яъне, таъсиси ин ҷоиза паёми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҷаҳон аст, ки кӣ будани ворис ва меросбари асосии Синоро инъикос намуда, ҳамчунин саҳми миллати тоҷикро дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ, махсусан тиб нишон медиҳад. Саҳм гирифтан дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ даъвои худнамоӣ нест, зеро фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар тӯли таърих ин саҳмро доштаанд ва яке аз намунаҳои барҷастаи он Шайхурраис ибни Сино мебошад.
Ин тадбир бори дигар таваҷҷуҳи дунёро ба осори илмӣ ва кору пайкори Сино ҷалб менамояд. Маҳз байналмилалӣ будани ҷоиза, арзиши онро хеле ва хеле боло мебарад. Зеро ин баёнгари он аст, ки Тоҷикистон ибни Синоро дар чаҳорчӯбаи марзҳои ҷуғрофӣ ва фарҳангии худ маҳдуд накарда, балки ба арзиши ҷаҳонӣ доштани мероси илмии он эҳтиром гузошта, ҳаққи ифтихор аз онро барои ҳамаи халқу миллатҳои олам медиҳад. Вагарна чунин ҷоиза дар сатҳи миллӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфта буд.
Ҳадафи таъсиси ҷоиза — истифода аз ном, мақом ва ҷойгоҳи Ибни Сино дигарбора ҷалб кардани таваҷҷуҳи мардуми дунё, хусусан доираҳои илмиву фарҳангӣ ба мушкилоти тибби муосир, яке аз намунаҳои муваффақи тарғиби саломативу тандурустӣ, чун арзиши бебаҳои инсонӣ мебошад.
Чунончи инсоният аз пайомад ва мушкилоти 5-6 сол пеши вируси куруно ҳанӯз раҳо нашудааст. Имрӯз тиб дар дунё на танҳо бахше аз илм ва зиндагиву мароми инсоният аст, балки, мутаассифона, он ба як шохаи сердаромади иқтисод ва тиҷорати ҷаҳонӣ низ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ин ҷоиза бори дигар ба аҳамияти тиб ҳамчун соҳаи илм ва хидматрасонӣ, ки барои сифати зиндагии инсон ва солимии ҷомеа нақши аввалиндараҷа дорад, таъкид мекунад. Аз ҷониби дигар, масъулияти миллии донишгоҳҳо ва донишмандону табибони тоҷикро низ баланд мебардорад, то намояндагии шоиста аз ин ҷоиза кунанд. Бидуни шубҳа, баъд аз ин, мо шоҳиди рушду равнақи илми тиб дар Тоҷикистон хоҳем шуд, зеро солҳои охир таваҷҷуҳи давлату ҳукумат, хусусан Роҳбари давлат ба ин соҳа хеле афзудааст.
Аз нигоҳи фарҳангӣ ва тамаддунӣ, Сино танҳо як донишманди тиб нест, ӯ нуҷумшинос, кимиёдон, физикдон, файласуф, шоир ва нависандаи тавоно, хулоса як шахсияти ҳамадон ё энсиклопедист аст. Ин ҷоиза баёнгари саҳми бузурги ибни Сино ва миллати ӯ дар тамаддуни башарият мебошад, ҳанӯз дар замоне, ки ниме аз дунё дар бардагиву бечорагӣ мезист.
3. Аҳамияти байналмилалии Ҷоиза
Сино ҳамчун шахсият, донишманд ва нобиғаи замони худ нақши барҷастае дар ҳамгироӣ ва ҳамзистии мусолиматомези мардумони ҷаҳон дорад. Яъне ин ки осори Сино солҳои дароз дар донишгоҳҳои Ғарб чун китоби дарсӣ ва тавсияҳои тиббии ӯ чун дастури табибӣ дар беморхонаҳои мамлакатҳои гуногуни дунё истифода мешуд, танҳо дониши шахсии худӣ ӯ набуд, балки паёми ахлоқӣ ва тамаддунии мардуми Шарқ, хусусан тамаддуне, ки худи ӯ аз он бархоста буд, ба Ғарб буд. Яке аз аҳамиятҳои фавқулодаи ин ҷоиза, бори дигар таъкид кардан ба ин нақши барҷастаи Сино мебошад. Ибни Сино аз саросари дунё дар риштаи тиб шогирдони бисёре тарбия карда буд ва осори илмии ӯ махсусан Қонуни тиб садсолаҳо манбаи илмиву таълимии донишгоҳҳои муътабари олам будааст. Аз ин лиҳоз, таъсиси Ҷоизаи байналмилалӣ ба ифтихори ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои беназири ӯ дар рушди байналмилалии солимии аҳолӣ мебошад.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар сатҳҳои гуногун, дар дунё, аз ҷумла бо қарорҳои вижаи ЮНЕСКО ҷашну қадрдониҳо аз ибни Сино таҷлил шудаасту мешавад. Хусусан ҷашнгирии ҳазораи Сино дар сатҳи ЮНЕСКО дар замони Шуравӣ яке аз бузургтарин тадбирҳо барои пос доштани хотираи ҷовидонии Сино буд. Аммо ин ҷашнгириҳо аз ҷанҷолу даъвоҳо бар сари осор, шахсият ва мансубияти миллии ӯ орӣ набуд. Аз ҳамин сабаб, таъсиси ин ҷоиза аз ҷониби Пешвои муаззами миллат то андозае сатҳи таниши ин баҳсу даъвоҳоро дар доираи байналмилалӣ ва махсусан минтақаи Осиё паст мекунад. Тоҷикистон ба ин васила метавонад ҳаққи худро ба мероси Сино мустаҳкамтар ва обрӯву эътибори Синоро дар сатҳи ҷаҳонӣ мудирият кунад.
4. Аҳамияти сиёсӣ ва геополитикии ҷоиза
Тоҷикистон ҳарчанд даъвоҳои геополитикие дар минтақаи Осиё надорад, вале бо доштани зарфиятҳои гуногун нақши барозандае дар геополитикаи минтақа дорад. Доштани шахсиятҳое чун ибни Сино низ яке аз зарфиятҳои геополитикии Тоҷикистон аст. Ҷоизаи байналмилалии Сино дар баробари дигари ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон, ба афзоиш ёфтани обрӯ ва имиҷи байналмилалии ҷумҳуриамон дар сатҳи сайёра сабаб мешавад. Аз тарафи дигар, Тоҷикистонро ба унвони меросбари осору шахсияти Сино бори дигар дар байни кишварҳои дунё, хусусан Осиё ва Осиёи Марказӣ муаррифӣ ва аз муҳандисии ноодилонаи мероси илмиву фарҳангии минтақа пешгирӣ мекунад.
Аз нуқтаи назари сиёсӣ, ин ҷоиза ба ҷасорати дипломатӣ ва сиёсатгузориҳои Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад ва аз мавқеи возеҳ ва ошкори Тоҷикистон барои посдорӣ ва ҳифозат аз арзишҳои таърихиву тамаддунияш дарак медиҳад.
5. Аҳамияти тамаддунӣ ва иҷтимоии ҷоиза
Замони муосир аз як сӯ, даврони бархурди тамаддунҳо ва аз сӯйи дигар замони муколамаи фарҳангҳову тамаддунҳост. Тамаддуни шарқӣ, ки ибни Сино намояндаи барҷастаи он аст, ҳамеша паёми муколамаи ба тамаддунҳои дигарро додааст. Сино ҳамчун парвардаи давлати мутамаддини тоҷикон – Сомониён ҳанӯз дар даврони шадид шудани масоили фарҳангиву тамаддунӣ, ба унвони як тоҷики озодандеш дар муколамаи фарҳангиву тамаддунӣ саҳми назаррас дорад. Имрӯз давлатҳои гуногун, аз ҷумла қудратҳо, барои масоили ғайритамаддунӣ, аз ҷумла макони будубоши шахсиятҳои гуногуни сиёсӣ ва ҳаракату ҷунбишҳои фикриву динии дунё ҷоиза эълон мекунад. Аммо Тоҷикистон ба номи донишманде чун Сино ҷоизаи байналмилалӣ таъсис медиҳад, мехоҳад аз роҳи илму дониш ва арҷ гузоштан ба хидматҳои донишмандон дар муколамаи фарҳангиву тамаддунии ҷаҳон фаъол бошад.
Аҳамияти иҷтимоии ин ҷоиза бори дигар рушди фарҳанги қадру эҳтиромгузорӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷомеаҳои миллии мамлакатҳои минтақа сабаб мешавад. Ҳарчанд дар арҷгузории Пешвои миллат ба заҳмату талошҳои фидоиёни илму фарҳанг ва давлатдории тоҷикон ҷойи шубҳа нест, аммо ин иқдом бори дигар сиёсати инсонгароӣ, таваҷҷуҳ ба илм ва парҳез аз хурофотгароӣ ва гуманизми сиёсии мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба намоиш мегузорад. Яке дигар аз намунаҳои равшани ин сиёсат овардани мушти хоки қабри Қаҳрамонҳои Тоҷикистон – Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур ва ходими барҷастаи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистони Шуравӣ Нисор Муҳаммад аз Маскав ба ҷумҳурӣ дар рӯзҳои охир мебошад.
Ҳамчунин мо умедворем, ки Тоҷикистон барои эътибор пайдо кардани ин ҷоиза дар сатҳи ЮНЕСКО – созмони илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ва ё Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ талош мекунад ва ба василаи тақдим кардани ҷоиза ба чеҳраҳои дурахшони илми тибби ҷаҳонӣ, эътибори онро чун обрӯйи Сино боло мебарад.
6. Аҳамияти ҷоиза барои соҳаи тандурустӣ ва илми тибби Тоҷикистон
Ба андешаи мо, аҳли илми тиббу тандурустии мамлакат, таъсиси ин ҷоизаро аз ҷониби Роҳбари, пеш аз ҳама масъулияти касбӣ меҳисобад. Зеро ҷумҳурие, ки ин гуна ҷоизаи боэътибори байналмилалиро эълон кардааст, аз ин ба баъд бояд ба рушди тиб ва тандурустӣ ҳам дар сатҳи илмӣ ва ҳам дар сатҳои хидматрасонӣ аҳамияти бештар диҳад. Ҳамзамон таъсиси ин ҷоиза таҷдиди системаи таълиму тарбия, омода кардани кадрҳо ва пажуҳишҳои илмиро тақозо менамояд. Инчунин ин иқдоми бузург боиси бедор шудани шавқу рағбат дар байни донишҷӯён, табибони ҷавон ва олимон ҷиҳати рушди илми тибби ҷаҳонӣ дар заминаи шахсияти воломақоми Абуалӣ ибни Сино мегардад. Бегумон, таъсиси ин ҷоиза метавонад боиси тавлиди Синоҳои дигар гардад.
Имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи мамлакатҳои минтақа дар гузаронидани баъзе аз ҷарроҳиҳои нодир, аз ҷумла ҷароҳиҳои асаб, дилу рагҳо ва пайвандсозии узвҳои инсон пешсаф аст. Ин пешсафӣ бояд дар бахшҳои дигари илму соҳаи тиб низ афзун гардида, бидуни шак ба комёбиҳои навини илми тиб дар сатҳи ҷаҳонӣ ноил мегардад.
Ин ҷоиза арзиш ва самараи тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тибро низ боло мебарад. Таъсиси ҷоиза саҳми таърихии миллати тоҷикро дар рушди низоми тандурустии ҷаҳонӣ инъикос намуда, ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи умумибашарӣ дар соҳаи тиб равона карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб бори дигар дар сиёсати сулҳҷӯёна, фарҳангпарварона ва инсонгароёнаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ роҳро ҳамвортар карда, вориси воқеъии Сино будани мардуми тоҷик ва пеш аз ҳама хешро бо муҳри қотеъ собит намудаанд.
Саломудин ЮСУФӢ,
муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз








ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Ҳамгироии илм — давлат — ҳуқуқ: се рукни асосии устувории амнияти миллӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу фаъолияти зеҳнӣ ва хотираро беҳтар мекунад
ХИРАДЕ, КИ МИЛЛАТРО НАҶОТ ДОД! Формулаи сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва акси садои он дар арсаи ҷаҳон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин воситаи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмии стратегияи рушди иқтисодӣ дар идоракунии давлатӣ нақши хос дорад
Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРТОШКА. Ин зироат аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
Дар даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» 370 хонандаю донишҷӯ иштирок менамоянд






