«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Душанбе даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мегардад

Октябрь 1, 2024 13:50

ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷамъбаст мегардад. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони ин озмун 5 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд, даври сеюми озмун аз рӯи номинатсияҳо дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа  Сатторов, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид.

Дар даври якуми озмун 5302 нафар иштирок намуданд, ки аз ин 2755 нафар ба даври дуюм ва 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Таҳлили ҷамъбасти даври якум нишон медиҳад, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023    860 нафар зиёд аст.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2024 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд