«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Душанбе даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷамъбаст мегардад. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони ин озмун 5 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд, даври сеюми озмун аз рӯи номинатсияҳо дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид.
Дар даври якуми озмун 5302 нафар иштирок намуданд, ки аз ин 2755 нафар ба даври дуюм ва 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Таҳлили ҷамъбасти даври якум нишон медиҳад, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 860 нафар зиёд аст.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






