Тоҷирони тоҷик имкон доранд аз низоми WeBOC истифода намоянд
ДУШАНБЕ, 26.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тоҷирону соҳибкорони тоҷик, ки аз бандарҳои обии Ҷумҳурии Исломии Покистон тариқи транзит бор интиқол медиҳанд, тавсия медиҳад, ки бо истифода аз низоми WeBOC аз Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рамзи электронӣ дастрас намуда, борҳоро интиқол диҳанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
WeBOC низоми электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои молҳои воридотӣ ва содиротӣ буда, он аз ҷониби вазорати савдои Покистон ба давлатҳое, ки тоҷиронашон аз бандарҳои Покистон истифода мебаранд, пешниҳод гардидааст. Аз аввали соли 2024 вазорати савдои Покистон бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои ҷудо намудани Мастер ID бо рамз ва утоқи шахсӣ ҳамкорӣ менамояд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон феҳристи ягонаи интиқолдиҳандагони дохиливу байналмилалӣ таъсис додааст. Тоҷироне, ки тариқи транзит аз ин масир истифода мебаранд, дар ин низом сабти ном мешаванд. Ин низом якчанд мушкилии ҳамлу нақли транзитии борҳои тоҷирону соҳибкорон, аз ҷумла мушкилӣ вобаста ба маблағи суғуртакунии борҳоро осон гардонидааст.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






