«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ». Бо мақсади ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон дар пойтахт озмун идома дорад

Октябрь 7, 2024 17:55

ДУШАНБЕ, 07.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти Тоҷикистон озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» идома дорад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе.

Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ ва сарояндагию овозхонӣ мебошад. Ҳамзамон озмун бо мақсади баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар ин замина эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ гузаронида мешавад.

Озмун байни хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, санъат ва мусиқии ҳудуди шаҳри Душанбе, эҷодкорону ҳаваскорон ва намояндагони касбу кори гуногун, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ, фаъолият ва эҷод менамоянд, баргузор мешавад.

Озмун аз рӯйи номинатсияҳои эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қироати шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти мамлакат доир мешавад.

Озмун дар се давр баргузор гардида, моҳи октябр дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ аз ҷониби таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, дигар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо мегузарад. Даври дуюм моҳи ноябр дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум ва даври сеюм (шаҳрӣ — асосӣ) – моҳи декабр бо иштироки ғолибони даври дуюм баргузор мегардад.

Ҷамъбаст ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии озмун дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахт (шанбеи сеюми моҳи апрели соли 2025) баргузор карда мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 7, 2024 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад