ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Дар вилояти Суғд Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» гузаронида шуд

Октябрь 16, 2024 13:49

ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 14 октябр дар ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар озмун аз 21 муассиса 144 хонанда аз рӯи ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии мошин, челонгар оид ба таъмири муҳаррики мошин, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет технология, дуредгар, дӯзанда, челонгари барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ санитарӣ иштирок намуда, баъди ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳон 52 нафар хонанда ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт.

Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» дар ду давр доир гардида, даври якуми он дар Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва Ваҳдат гузаронида мешавад. Баъди ҷамъбасти даври якуми озмун ғолибони он, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд, дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.

Мақсади асосии озмун такмили донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ, тарғиби касбҳои коргарӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи касбии хонандагон ва тақвияти тафаккури техникии онҳо мебошад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 16, 2024 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд